Харид, таҳвил, насб, танзим ва ба кор даровардани системаи газохроматографӣ-масс-спектрометрӣ – 1 маҷмӯа, инчунин идентификаторҳо – 31 маҷмӯа барои таҳлил ва муайянкунии хладагентҳо (моддаҳои хунуккунанда), аз ҷумла гузаронидани омӯзиш оид ба истифодаи таҷҳизоти мазкур.
Рақами НКТ: 02-2026-RFQ-CIIP-HFC
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ /UNDP) Лоиҳаи «Барномаи интегратсионӣоид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо ва хунуккунии устувор дар Тоҷикистон»-ро (минбаъд — «Лоиҳа», GEF Project ID: 11430, UNDP PIMS: 6738, Quantum: 01004341) амалӣ менамояд, ки аз ҷониби Фонди Ҷаҳонии Экологӣ (ГЭФ/GEF) тавассути ПРООН (UNDP) ҳамчун агентии амаликунанда маблағгузорӣ мешавад.
- Ҳадафи Лоиҳа коҳиш додани истеъмоли гидрофторкарбонҳо(ГФУ) то 70 фоиз то соли 2029 мутобиқи ӯҳдадориҳои Тоҷикистон оид ба Тағйироти Кигалӣ ба Протоколи Монреал, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва беҳтар намудани идоракунии давраи истифодаи хунуккунандаҳо дар бахши хунуккунии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
- Шарики ичроия Лоиҳа (Implementing Partner) Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон агентии татбиқкунандаи лоиха мебошад.
- Тендери рақобатпазир тибқи расмиёти тендерҳои рақобатии миллӣ (НКТ) мутобиқи қоидаҳои ПРООН (UNDP) баргузор мегардад: Дастури харид оид ба молҳо, корҳо ва хизматрасониҳои ғайримашваратӣ барои қарзгирандагон мутобиқи қоидаҳои БРСММ (UNDP) оид ба қарзҳои БАРСР, кредитҳо ва грантҳои МАР, «Қоидаҳои харид барои қарзгирандагони ФИП» мутобиқи қоидаҳои БРСММ (UNDP) — Харид дар доираи маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ: молҳо, корҳо, хизматрасониҳои ғайримашваратӣ ва машваратӣ), ва барои ҳамаи иштирокчиёни ҳуқуқдори тендер мутобиқи он чи ки дар «Дастури харид» муайян шудааст, кушода мебошад. Илова бар ин, лутфан ба сарбандҳои 3.14, 3.15, ки сиёсати СММ (ПРООН/UNDP) оид ба ихтилофи манфиатҳо шарҳ дода мешавад, муроҷиат намоед. Тендери рақобатпазир тибқи расмиёти тендерҳои рақобатии миллӣ (НКТ) мутобиқи Қисми 4.1-и Дастури хариди Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ (Procurement Manual_CIIP), ки барои Лоиҳа тасдиқ шудааст, баргузор мегардад ва барои ҳамаи иштирокчиёни ҳуқуқдори тендер, ки ба меъёрҳои дар ҳуҷҷатҳои тендер муайяншуда ҷавобгӯянд, кушода мебошад. Ин харид тибқи сатҳҳои ваколатдоршуда, ки дар Қисми 3.18.2-и Дастури хариди МТЛС муайян шудааст, тасдиқи дахлдорро гирифтааст. Иштирокчиёни тендер, дар сурати зарурат, бояд ба Қисми 3.15-и Дастури хариди МТЛС (ЦРИП), ки дар он сиёсати оид ба ихтилофи манфиатҳо шарҳ дода мешавад, инчунин ба принсипу қоидаҳои амалкунандаи БРСММ (UNDP) оид ба муқовимат бо қаллобӣва коррупсия муроҷиат намоянд.
- Иштирокчиёни ҳуқуқдори манфиатдор метавонанд маълумоти муфассалро дар МТЛС (ЦРИП) гиранд,
- E-mail: cipcep@gmail.com ва бо ҳуҷҷатҳои тендери дар суроғаи зерин шинос шаванд:
- Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. С. Абдуллоева, 77, ошёнаи 6, тел: +992 111 510 431 аз соати 8.00 то 17.00.
- Иштирокчиёни манфиатдори тендер метавонанд маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳои тендерро бо забони русӣ пас аз пешниҳоди дархости хаттӣ ба суроғаи зерин гиранд:
- Барои диққати: Ҷунайдзода М.Ҳ. — Директори МТЛС
- Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. С. Абдуллоева, 77, ошёнаи 6,
- E-mail: cipcep@gmail.com,
- тел: +992 111 510 431
- Ҳуҷҷатҳои тендери бо почтаи электронӣ дар шакли PDF фиристода мешаванд.
- Пешниҳодҳои рақобатпазир бояд ба суроғаи зерин расонида шаванд:
- Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Пешниҳоди пешниҳодҳои рақобатпазир танҳо дар шакли электронӣ иҷозат дода намешавад. Пешниҳодҳои дертар расида рад карда мешаванд. Кушодани лифофахои пешниҳодҳои рақобатпазир дар ҳузури Комиссияи тендери бо намояндагони иштирокчиёни тендер, ки мехоҳанд шахсан ҳузур дошта бошанд, дар суроғаи зерин баргузор мегардад: Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суроға: ш. Душанбе, кӯч. С. Абдуллоева, 77, ошёнаи 6, 28 сентябри соли 2026, соати 15:00 бо вақти маҳаллӣ
- Ҳамаи пешниҳодҳои рақобатпазир бояд бо таъминоти гарав ба маблағи: Лот – 1 40 000,00 сомонӣ, Лот-2 40 000,00 сомонӣ ҳамроҳ карда шаванд.