9-уми июли соли 2026 дар Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа, дар баробари дигар масъалаҳои рӯзномаи корӣ, масъалаи «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, барои солҳои 2026–2030» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар доираи масъалаи мазкур сармутахассиси Комиссия М.Ҳақназарзода дар мавзуи «Терроризм ва экстремизм – барҳамзанандаи амну осоиш» маъруза намуд.
Зикр гардид, ки терроризм ва экстремизми байналмилалӣ аз ҷумлаи зуҳуроти хатарноки замони муосир буда, ба амнияту суботи ҷомеа, ҳаёти осоиштаи мардум ва рушди устувори давлатҳо таҳдид менамояд. Ин падидаҳои номатлуб боиси нооромӣ, паҳн гардидани тарсу ҳарос, хушунат ва дигар оқибатҳои фоҷиабор мегарданд.
Таъкид шуд, ки яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро истифодаи нодурусти эътиқоди динӣ ва нокифоя будани донишу маърифати диниву сиёсии онҳо мебошад. Гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз чунин омилҳо кӯшиш менамоянд ҷавононро ба роҳи гумроҳӣ кашида, аз номи дини мубини Ислом ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ созанд.
Дар маъруза махсус таъкид гардид, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ тадбирҳои пайгирона андешида, дар таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар ин робита, заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм дар кишвар низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, 16 ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» қабул гардида, барои пешгирӣ ва муқовимат ба ин зуҳуроти хатарнок заминаи зарурии ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ҳамкории байналмилалиро тақвият бахшида, пайваста бар зидди ҳама гуна шаклҳои хушунат ва ифротгароӣ мавқеи устувор нишон медиҳад.
Дар идомаи маърӯза ба масъалаи ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳар як фарди ҷомеа, бахусус ҷавонон, бояд ба қадри сулҳу оромӣ, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ расида, дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ масъулияти баланди шаҳрвандӣ зоҳир намоянд.
Ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа ва неруи созандаву ояндасози миллат бояд аз зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, худро дур гирифта, бо баланд бардоштани сатҳи дониш, маърифат, худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ дар таҳкими сулҳу субот саҳмгузор бошанд.
Дар фарҷоми маъруза таъкид гардид, ки ҳифзи якпорчагии ҳудудӣ, истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Тарбияи насли ҷавони худогоҳ, соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос метавонад дар пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва таъмини амнияти устувори ҷомеа нақши муҳим гузорад. Танҳо тавассути баланд бардоштани маърифати ҷомеа, таҳкими арзишҳои миллӣ, тарғиби сулҳу ваҳдат ва ҳамкории дастаҷамъона метавон ба таҳдидҳои терроризм ва экстремизм муқовимати муассир нишон дод.
Орифљон Бобомуродов,
котиби масъули Комиссияи давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои
фоиданок Ҷумҳурии Тоҷикистон