18 декабр дар толори Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Данғара бо иштироки раиси ноҳия Саломзода Сиҷоуддин, сардори ШКД Иброҳимзода Иброҳим ва омӯзгорону хонандагони муассиса бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат дар мавзӯи “Маърифати шаҳрвандӣ” ҳамоиш доир гардид.
Раиси ноҳияи Данғара зимни суханронии хеш қайд намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд.
Дар идома оид ба риояи қоидаҳои дохилии муассиса, аз ҷумла сару либоси донишҷӯён, беҷуздон ва бесабаб ҳозир шудан ба дарс, шабгардӣ, ҷурабозӣ, дугонабозӣ, истифодаи маводҳои мадҳушкунанда, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмунҳое, ки бевосита сарпарасти он муҳтарам Пешвои муаззами миллат аст, таъкид намуданд.
Қайд карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон таҳти сиёстати хирадмандонаи мӯҳтарам Сарвари давлатамон тамоми шароитҳо барои илмомӯзии ҷавонон ва оянда мутахасисони соҳа гардидани онҳо муҳаё гардидааст. Пас моро водор месозад, ки аз пештара дида, имрӯз барои тарбияи насли ояндасози миллатамон кӯшиш ба харҷ диҳем, чунки ояндаи миллату давлат дар дасти ҷавонон аст.