Дар Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе бо мақсади омӯзиши нуқтаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Директори муассиса Николай Попов изҳор дошт, ки Пешвои миллат бунёди миллати мутамаддинро аз илму маориф дониста, ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдоштаро сармоягузорӣ ба хотири рушди нерӯи инсонӣ эълон намуданд.
Дар идома муовини якуми директор Икромҷон Гадоев қайд намуд, ки Паём ҳамчун воситаи муҳими инъикосгари роҳи рушд ва дурнамои давлатдорӣ ҳамасола аз ҷониби Сарвари давлат ба мақоми олии қонунгузори кишвар ироа мегардад ва дар он тамоми самтҳои фаъолияти мамлакат мавриди таҳлил қарор гирифта, ҳамзамон барои соли оянда қарору пешниҳодҳои дахлдор қабул карда мешавад, ки дастури барномавӣ ва роҳкушои оянда ба шумор меравад.