9 июли соли 2025 ҷаласаи васеи Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои илмии АИКТ дар 6 моҳи соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳмадзода Баҳром,…
9 июли соли 2025 ҷаласаи васеи Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои илмии АИКТ дар 6 моҳи соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳмадзода Баҳром, ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур Мирзоализода Тоҳир, директорони муассисаҳои илмӣ, филиалҳо ва хоҷагиҳои истеҳсолӣ, академикҳо, аъзоёни вобастаи Академия ва олимону мутахассисон иштирок намуданд.
Аз руи масъалаи якум муовини президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Толибзода Давлаталӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои илмии АИКТ дар 6 моҳи соли 2025 баромад намуда қайд намуд, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд намудаанд, ки соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон – яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди он вобастагии калон дорад”.
Раёсат ва муассисаҳои илмии Академия фаъолияти илмиву созмондиҳӣ ва хоҷагидории худро дар шаш моҳи соли 2025 тибқи як қатор қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, ҳамчунин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2024) ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025” (17.01.2025) амалӣ намуда истодаанд. Инчунин, дастуру супоришҳои Сарвари давлат зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва барномаҳои давлатии рушди бахшҳои мухталифи соҳаи кишоварзӣ дар сархати кору фаъолияти Академия қарор доранд.
Дар сохтори Академия 7 институти илмию таҳқиқотӣ, 4 маркази илмӣ фаъолият менамоянд. Муассисаҳои илмӣ дорои 24 филиал, стансия, пойгоҳ ва хоҷагиҳои таҷрибавӣ мебошад.
Дар ин муассисаҳо 1121 нафар корманд, аз ҷумла 527 ходими илм, аз онҳо 59 нафар доктори илм ва 161 номзади илм фаъолият мекунанд. Ҳамзамон, аз донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои ҷумҳурӣ 34 доктор ва 41 номзади илм ҳамчун ҳамкор ҷалб карда шудаанд. Ба ҳайати Академия 8 академик, 6 аъзои вобастаи АИКТ ва 2 нафар аъзои хориҷӣ шомиланд.