14 декабр дар бозори фурӯши чорвои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фестивал – намоиш ва фурўши чорво баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода аз Фестивал – намоиш ва фурўши чорво боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳадафи асосии баргузории Фестивал-намоиши чорвои зотӣ, ин пеш аз ҳама зиёд намудани саршумори чорвои хушзот, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва дар ин замина мусоидат намудан дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазири ватанӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки тайи солҳои охир, маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва қабули барномаҳои мақсаднок дар соҳаи чорвопарварӣ, ки саҳми ин соҳа дар таъмини амнияти озуқаворӣ назаррас аст, бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии вилояти Суғд хоҷагидорону кишоварзон ба як қатор дастовардҳо ноил гардида истодаанд.
Соҳаи чорводорӣ, яке аз манбаҳои асосии таъминкунандаи аҳолӣ бо истеҳсоли гўшт, шир, тухм, гўшти моҳӣ ва асал ба ҳисоб рафта, барои нигоҳ доштани захираҳои ирсӣ, зиёд намудани чорвои зотӣ, тухми инкубатсионӣ, моҳии хушзот, занбўри асали зотӣ, инчунин ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
Дар вилоят ҷиҳати таъмини иҷрои “Барномаи маҷмўавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбўриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, бунёд ва барқароркунии фермаҳои чорвопарварӣ, корхонаҳои парандапарварӣ, ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ, инчунин рушди соҳаҳои занбўрисалпарварию қўтоспарварӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар доираи сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва бо иштирокашон якчанд коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, корхонаҳои парандапарварӣ дар самти истеҳсоли гўшту тухм мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд, ки алҳол саҳми корхонаҳои мазкур дар таъмини бозори истеъмолӣ назаррас мебошад.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар вилоят давоми 11 моҳи соли равон зиёдшавии саршумори чорвою паранда ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи човопарварӣ таъмин карда шуд.
Ба ҳолати 1 декабр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят саршумори чорвои калон ба 781 ҳазору 589 сар, чорвои майда ба 1,9 миллион сар, паранда ба 6,3 миллион сар ва асп ба 9 ҳазору 286 сар расонида шуд, ки дар муқоиса нисбати нишондоди ҳамин давраи соли 2023-ум мутаносибан чорвои калон 25 ҳазору 361 сар, моли майда 90 ҳазору 185 сар, паранда 698 ҳазору 157 сар ва асп 119 сар зиёд гардидааст.
Дар ин давра аз ҳисоби соҳаи чорводорӣ 72,8 ҳазор тонна гўшт, аз ҷумла 18,3 ҳазор тонна гўшти паранда, 278,2 ҳазор тонна шир, 705,2 миллион дона тухм, 1700 тонна пашм ва 832 тонна гўшти моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба нишондодҳои ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан гўшт 110,5 фоиз, аз он гўшти паранда ва тухм 100,2 фоизӣ, шир 106,2 фоиз, пашм 102,9 фоиз ва гўшти моҳӣ 101,3 фоиз мебошад.
Чорводорон дар ин рӯз навъҳои зотии моли калону майдаро ба намоиш бароварданд ва чорводорони беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.