5 ноябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ доир гардид.
Нахуст, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аҳли толорро ба ин муносибат шодбош гуфта, таъкид дошт, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва тавъам донистани он ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу рамзӣ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, тарбияи шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.
Қайд карда шуд, ки ин санади олии ҳуқуқӣ, кишвари моро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуда, заминаи устувори таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид. Аз ин рӯ дар ростои таҷлили ҷашни 30-солагии Конститутсия таваҷҷуҳи дигарбора ба тақвият бахшидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон амри муҳиму саривақтӣ ба шумор меравад.
Дар идома намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони сохторҳои низомиву судӣ Ифихорномаву Сипосномаҳои Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан супорида шуд.
Дар фарҷом барномаи консертии тараннумгари сулҳу субот ва Истиқлолу озодӣ аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан пешниҳод карда шуд.