Ба сохтмони маҷмааи биноҳои бисёрошёна дар хиёбони Раҳмон Набиев санги асос гузошта шуд
Имрӯз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони маҷмааи биноҳои бисёрошёна дар хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмаа аз ҷониби Консорсиуми соҳибкорони тоҷику турк бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва мутахасисони дохиливу хориҷӣ бо истифода аз технологияи муосири сохтмон амалӣ карда мешавад.
Хусусияти хоси лоиҳа дар он аст, ки ҳангоми тарҳрезии маҷмаа тамоми шароити мусоид барои сокинон ба инобат гирифта мешавад. Маҷмаа дорои ҳавзи шиноварии пӯшида, ҳаммом, толори фитнес, таваққуфгоҳи пӯшида, боғчаи кӯдакона, майдончаҳои кӯдакона, мавзеи фароғати калонсолон ва ҷойи истироҳати калонсолон аст.
Маҷмааи биноҳои баландошёна бо пентхаус дар хиёбони Раҳмон Набиев, кӯчаҳои Гулшан ва Муродии Хуҷандӣ сохта мешавад.
Фармоишгари лоиҳа ҶДММ “Фортуна-КО” ва пудратчӣ “ҶДММ “Арча-иншоот” мебошад. Лоиҳакаши иншоот ҶДММ “Меъморӣ ва дизайн”, оғози корҳои сохтмонӣ моҳи декабри соли равон ва анҷоми корҳои сохтмонӣ декабри соли 2030 ба нақша гирифта шудааст.
Дар маҷмаа хонаҳои 1, 2, 3, 4 ва 5 ҳуҷрагӣ бо масоҳати аз 50 метри мураббаъ то 330 метри мураббаъ сохта хоҳад шуд. Масоҳати умумии лоиҳа 18000, 00 метри мурабаъ буда, шумораи манзилҳои истиқоматӣ 650 ададро ташкил медиҳад. Таваққуфгоҳ дуқабата буда, барои 400 нақлиёти сабукрав пешбинӣ шудааст. Дар маҷмаа аз 50 нафар то 300 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб карда мешаванд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмончиён дастур дод, ки бо истифода аз масолеҳи ватанӣ, унсурҳои меъмории миллӣ ва бо сифати баланд корҳои сохтмонии маҷмааро ба анҷом расонанд.