Имрӯз чун анъана бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ ташкил карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум, захираи маҳсулот барои зимистон бо нархҳои дастрас тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда мешавад, то барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.
Дар ярмарка маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба бозор арзон пешниҳод шуда, фаровонии маҳсулоти деҳқонон эҳсос мегардид.
Бояд зикр намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил намудани ярмарка бо мақсади пешгирии баландшавии арзиши маҳсулоти хўрока ба ҳукми анъанаа даромадааст.