Ҷаласаи ҳаштуми Шўрои соҳибкорӣ ва сармоягузории назди Раиси вилояти Суғд баргузор гардид
13 декабр дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҳаштуми Шўрои соҳибкорӣ ва сармоягузории назди Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.
Кори ҷаласаи ҳаштуми Шўрои соҳибкорӣ ва сармоягузориро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуд.
Сипас, тибқи рӯзнома гузоришҳои котиби Шўрои соҳибкорӣ ва сармоягузории назди Раиси вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов, Ҳаким Ҳакимзода – сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба вазъи гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд шунида шуд.
Ҳамзамон, дар мавзуҳои “Савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҳолат ва дурнамои инкишоф”, “Арзёбии бозорҳои эҳтимолии содиротии Тоҷикистон ва муносибатҳои иқтисодӣ дар кишварҳои ҳаммарзи водии Фарғона”, “Машварат барои тиҷорати хурд: имкониятҳои дастгирии грантӣ”, “Автоматикунонии бизнес бо мақсади идоракунии самарабахши маҳсулот ва молия” якчанд рӯнамо муаррифӣ шуд.
Зимни баррасии масъалаҳо Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъол ва эътирофшудаи ҷомеаи байналмилалӣ мақоми шоистаи худро дар олами зудтағйирёбандаи муосир таҳким бахшида, ҳама гуна ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷонибдорӣ менамояд. Имрўзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 100 кишвари дунё ва вилояти Суғд бошад, бо беш аз 60 кишвари дунё робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дорад. Дар ин раванд корҳои зиёд барои ҳамгироии кишварамон дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва махсусан бо Иттиҳоди иқтисодии Евразия (ЕврАзЭС), Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ба анҷом расонида шуданд.
Ҳамкорони асосии вилояти Суғд дар гардиши савдои хориҷӣ Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ўзбекистон, Ҷумҳурии мардуми Чин, Туркия, давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра мебошанд. Муносибатҳои Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки таҷдиду рушди Аврупо, Бонки осиёии рушд, Бонки рушди исломӣ ва чандин хазинаву фондҳои кишварҳои мухталиф хеле созандаву муваффақона сурат мегиранд. Вилояти Суғд барои афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳо саъю талош намуда, хоҳони густариши равобити устувори дуҷониба ва бисёрҷонибаи байнидавлатӣ бар пояи прагматизми иқтисодӣ ва ҳусни тафоҳум мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳибкорӣ ва саноат, ки яке аз соҳаҳои муҳими кишвар ба ҳисоб меравад, пайваста аҳамияти хоса дода мешавад. Имрўзҳо дар вилояти Суғд зиёда аз 117 ҳазор соҳибкорон ва 1100 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Бояд зикр намуд, ки соҳибкорони вилоят дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт саҳмгузорӣ намуда, дар фаъолияти худ технологияҳои муосирро ба таври васеъ мавриди истифода қарор дода истодаанд.
Дар вилоят иқтидорҳои бузурги саноатӣ, теъдоди зиёди соҳибкорони ташаббускор, ҷавон ва навовар, инфрасохтори зарурӣ ва захираҳои фаровон мавҷуданд. Бо назардошти ин, аз ҷониби саноатчиёни вилоят дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдори вилоятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда як силсила иқдомҳои шоиста роҳандозӣ гардиданд. Дар натиҷа, ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳамасола афзуда истодааст.
Дар охир аз ҷониби аъзои Шӯро Нақшаи кории Шўрои соҳибкорию сармоягузории назди Раиси вилоят барои соли 2025 ва рўзномаи ҷаласаи нуҳуми Шўрои машваратии назди Раиси вилоят оид ба беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ тасдиқ карда шуд.
Дар вазъияти тантанавӣ барои дастовардҳои шоиста ва саҳмгузорӣ дар пешрафти мамлакат як қатор соҳибкорон ва саноатчиёни вилоят бо Сипоснома ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.