12 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони бинои иловагии гимназияи №1 дар шаҳри Хуҷанд санги асос гузошт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо кормандони маорифи шаҳр иброз дошт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола садҳо адад синфхонаҳои иловагӣ бунёд ва шароити таълиму тарбия беҳтар гардонда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагии гимназия дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст ва барои 1400 хонанда дар 2 баст пешбинӣ гардидааст.
Иқдом ва сохтмони ин бинои иловагии таълимӣ аз ҷониби 5 адад ширкати ватанӣ амалӣ карда мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд таҷрибаи хуби хонасозиро доранд.
Бо дуои собиқадорони соҳаи маорифи шаҳр ба сохтмони бинои иловагии гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд.