Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи бандубасти офтобпарасти ҶДММ «Махкамов» расман мавриди истифода қарор гирифт.
Коргоҳи бандубасти офтобпарасти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Махкамов» дар як моҳ 1421 килограмм офтобпарастро коркарду бандубаст карда, ба бозор пешниҳод менамояд.
Коргоҳ дар минтақаи саноати шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, дар он 20 нафар фаъолият мекунанд. Офтобпараст бо бренди «Супер» бандубаст мешавад, ки дар бозор серхаридор аст. Маҳсулоти коркардшуда дар ҳаҷму андозаи гунногун аз 15 то 110 грам омода ва бозор бароварда мешавад.
Ашёи хом тавассути дастгоҳҳои истеҳсоли Чину Туркия ва Украина дар чанд марҳила шуста, хушку коркард ва банду баст мегардад. Ҳамчунин чанд намуд маҳсулоти хуриши кӯдакона аз ҷуворимакка низ истеҳсол карда мешавад.
Маблағи сармоягузории корхонаи мазкур беш аз 1, 2 миллион сомонӣ мебошад. Иқтидори истеҳсоли корхона коркарди 1421 кило офтобпараст дар як моҳ аст.