Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Насли солим” ба истифода дода шуд.
Дар маросими кушодашавии иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок намуданд.
Чуноне иттилоъ дода шуд, Маркази ташхисию табобатии “Насли Солим” дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шоҳина Гадобойева бо харҷи бештар аз 3 миллион сомонӣ таъсис дода шуда, дорои ҳуҷраҳоии табобатӣ, физиотерапевтӣ, ташхиси ултрасадо, калпоскопия, таҳлили биокимёвӣ ва клиникӣ, амрози даруна, ошхона ва дорухона мебошад. Ҳамчунин дар ин марказ 30 кати хоб мавҷуд буда, барои ташхису табобати беморон 25 нафар, аз ҷумла 6 табиби дараҷаи олӣ, 14 корманди миёнаи тиб ва 5 корманди ёрирасон ба кор ҷалб гардидаанд.
Барои фаъолияти пурсамари марказ аз бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ дастгоҳҳои муосири тиббӣ харидорӣ ва насб карда шудааст.
Гуфта шуд, ки дар маркази нави ташхисию табобатии “Насли солим” бо пешниҳоди хизматрасонии босифати тиббӣ дар як вақт 30 нафар бемор қабул карда мешавад.
Роҳбарият ва кормандони ин маркази муосири ташхисию табобатӣ ҷиҳати фароҳам овардани имконияти мусоид, дастгирии ҳамешагии намояндагони бахши хусусӣ, ки чунин фазою шароит омили рушди соҳа ва бунёди чунин муассисаҳои замонавӣ гардидааст, ба Ҳукумати кишвар сипосу миннатдории худро баён доштанд.
Дар маркази ташхисию табобатии “Насли солим” ба мизоҷон аз тарафи табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони дорои таҷрибаи баланд бо усули замонавӣ бештар аз 50 намуди хизматрасонии тиббӣ пешкаш мегардад.
Тибқи маълумоти муассисон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Насли солим” соли гузашта намояндаи расмии ширкати швейтсариягии “Phonak Sonova AG” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид ва ҳамакнун бо ифтитоҳи бинои нав ба кӯдакони шунавоиашон паст ташхис ва табобати бемориҳои сурдологиро пешниҳод менамояд.
Таъсиси маркази нав имкон медиҳад, ки ташхис ва табобати чунин бемориҳо аз ин пас дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шавад.
Мавриди зикр аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуд, ки далели ин гуфтаҳо сохта ба истифода додани даҳҳо марказҳои муосири ташхисию табобатӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад.