13 ноябр дар шаҳри Исфара бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат» ҳамоиши минтақавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олӣ масъулияти роҳбарии мамлакатро ба уҳда гирифтанд. Давоми ин муддат миллати сарбаланди тоҷик ба дастовардҳои беназири иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардид.
Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти соҳаи сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати Пешвои миллат дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Бо шарофати иқдому ташаббусҳои Сарвари давлат оид ба рушди сайёҳии мамлакат мавқеи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ сол то сол баланд мешавад.