Дар Кохи фарҳанги маркази шаҳри Исфара ба ифтихори 30-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолони шаҳру деҳоти Исфара ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода баромад намуда, бо баробари таҳният гуфтани сокинони шаҳру деҳоти Исфара ба ифтихори ин санаи фархунда, аз таърихи қабули қонуни асосии кишвар, нақши он дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлативу миллӣ ва рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ёдовар гардид.
Мавсуф зимнан таъкид кард, ки дар давоми 30 сол мардуми Тоҷикистон дар зиндагиву фаъолияти ҳамарӯзаи худ итминон ҳосил карданд, ки Конститутсияи мо ифодагари манфиатҳои олии миллату давлат, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи истиқлолияти иқтисодиву сиёсӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва фаолияти мунтазами макомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Конститутсия барҳақ мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯст, номаи тақдири миллати созандаву сарбаланди тоҷик аст, ки роҳи ояндаи моро ба сӯи фатҳу кушоиши тоза, бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир асрҳои аср равшан хоҳад дошт.
Муовини якуми Раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорони чорабинӣ расонд.
Дар раванди ҷамъомади идона ба чанде аз фаъолон ва пешқадамони соҳаҳои гуногун Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.