Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия – кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд” баргузор гардид. Конференсия бо сухани ифтитоҳии директори донишкада Абдурашид Ҷалилзода оғоз гардид, ки мавсуф ҳозирин ва устодону донишҷӯёнро ба муносибати баргузории конференсияи байналмилалӣ ва 30-юмин солгарди Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.
Дар конференсияи байналмилалӣ Мачехин Виктор, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири лабораторияи таҳқиқоти сиёсати андози Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии Россия дар мавзӯи “Конститутсия – кафили ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд” баромад намуд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафурӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонид.
Дар идомаи конференсия Ғафурӣ Меҳриддин Садриддинзода, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, сардори факултети 4-уми Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия дар мавзӯи “Моҳият ва таъиноти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Маҳмудзода Олим Ҳомид, сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники адлия дар мавзӯи “Ислоҳоти асосии сохтори конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Ҷӯраева Донохон Тӯрахоновна, прокурори шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ, мушовири адлияи дараҷаи дуюм дар мавзӯи “Кафолатҳои конститутсионии ҳууқуқ ва озодиҳои инсон” баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
Конференсия дар бахшҳо идома ёфта, мақолаҳои пешниҳодгардида дар шакли китоби алоҳида ба нашр хоҳад расид.