Тибқи ҷадвали тасдиқгардида мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Гули сурх” №33, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо интихобкунандагони ҷамоатҳои деҳоти Гули сурх ва Ниҷонӣ доир гардид.
Нахуст дар ҷараёни баргузории мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба заҳматҳои шабонарузии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар ва минтақа нигаронида шуда, доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2024 ва махсусан дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.
Вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Гули сурх” №33, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода вобаста ба ҳадафи баргузории мулоқоти мазкур, татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, аз ҷумла ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, самаранок истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, гирифтани се-чор ҳосил аз заминҳои корам, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, омода намудани хонандагон ба озмуну мусобиқаҳои фаннӣ, риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ, ҷалби ҷавонон ба даъвати ҳарбӣ, пешгирӣ кардани таҳсилоти ғайрирасмии динии ҷавонону наврасон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарӣ, инчунин дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози назар намуд.
Интихобкунандагон низ дар навбати худ доир ба муаммоҳои ҷойдошта муроҷиат намуда, инчунин андешаҳои хешро дар самти ободониву созандагӣ иброз намуданд ва бо шукргузорӣ аз сулҳу амонӣ ва беҳтар гардидани шароити зист ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимонаи хешро баён доштанд.