Ҷамоатҳои Деҳоти Ворух, Чоркух, Чилгази ва Лаккони Шаҳри Исфара дар рӯзи аввали маъракаи даъвати баҳорӣ нақшаи либоспӯширо иҷро карданд. Дар ин бора Зубайдулло Шомадов, сухангӯи Раиси Шаҳри Исфара хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ба ин муносибат дар ҷамоатҳои дар боло зикршуда наваскарон ба сафи артиши тоҷикистон даъват карда шуданд. "Иҷрои нақшаи даъват дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳр дар рӯзи аввал нишонаи он аст, ки ҷомеа ба ҳифзи Ватан ва ҳифзи сарҳадҳои давлатӣ бетафовут нест. Ин ба гузаронидани корҳои тарбиявӣ ва ташвиқотӣ дар байни ҷавонон хизмат кард, – гуфт З.Шомадов. Едовар мешавем, ки имрӯз, 1 апрел дар Тоҷикистон маъракаи баҳории даъват ба хидмат дар сафи артиши тоҷикистон оғоз гардида, то 31 майи соли 2024 идома хоҳад ефт. Тибқи фармони президенти кишвар, дар маъракаи даъвати баҳории ҷорӣ шаҳрвандони ҷавони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хидмат даъват карда мешаванд.