Муовини Раиси вилоят оид ба иқтисодиёт ва молия
Иттилоот барои робита:
Тел.: (3422) 4-05-42
Анвар Яъқубӣ 27 апрели соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ.
Соли 1990 бахши хуҷандии Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1990 ба ҳайси ассистенти кафедраи технология ва саноати бофандагии бахши хуҷандии Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои мутахассиси пешбари робитаҳои иқтисодии хориҷии комиҷроияи вилоят, мудири шуъбаи робита бо давлатҳои хориҷии Ассотсиатсияи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, директори генералии Ассотсиатсияи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, мудири шуъбаи ташкилӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовини якуми раиси Кумитаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мудири шуъбаи ислоҳоти иқтисодии дастгоҳи Раиси вилоят, сардори Раёсати давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд ва роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» кор кардааст.
Аз 31 декабри соли 2013 муовини Раиси вилояти Суғд таъин гардид.