Бинои маъмурии сарраесати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар ба истифода дода шудБинои маъмурии сарраесати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар ба истифода дода шуд
8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бохтар бинои маъмурии сарраесати Агентии оморро ба истифода доданд. Бинои нав бо услуби муосир ва бо тарҳи зебо дар партави сиесати бомуваффақияти созандаи Роҳбарияти…
8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бохтар бинои маъмурии сарраесати Агентии оморро ба истифода доданд. Бинои нав бо услуби муосир ва бо тарҳи зебо дар партави сиесати бомуваффақияти созандаи Роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии истиқлолияти Давлатӣ
сохта шудааст.
Дар
баробари
фароҳам
овардани
шароити
мусоиди
корӣ барои кормандони
соҳа
, ин иншоот
ба маркази Вилояти Хатлон зебоии
иловагӣ
бахшид
.
Пешвои
миллат
Муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон
зимни шиносоӣ бо шароити муқарраргардида ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро ба меҳнати софдилона, таҳлили дақиқ ва коркарди маълумоти оморӣ даъват намуданд.
Бинои
маъмурии
сарраесати
Агентии
омори
назди
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар
Вилояти Хатлон
дар масоҳати умумии 834,5 метри мураббаъ бунед гардида, аз 4 ошена, 24 ҳуҷраи корӣ, таҳхона, китобхона, толори маҷлис барои 60 нафар ва маркази коркарди маълумоти оморӣ иборат
мебошад.
Зимни шиносоӣ Ба Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон
хабар доданд
, ки бинои
нав
ба
хати
иловагии
шабакаи барқ
пайваст буда
, дар ҳолати зарурӣ генераторҳои 100-киловольтӣ
ба таври худкор
кор
мекунанд.
Дар таҳхонаи бино барои шӯъбаи таъминот, маркази чоп шароити зарурӣ фароҳам оварда
шудааст, инчунин дар он ҷо ошхона мавҷуд аст.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиеда
аз 60 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин гардида, аз ин ба баъд 70 нафар мутахассисон дар шароити хуби корӣ фаъолият хоҳанд кард.
Масъулин
ба муносибати ба истифода додани бинои нави бо таҷҳизоти корӣ таъминшуда изҳори хурсандӣ ва миннатдорӣ карданд.
Кабинетҳои
корӣ
ва маркази
коркарди маълумот
бо
дарназардошти стандартҳои
муосир
тибқи Лоиҳаи "Навсозии низоми миллии омор дар Тоҷикистон"муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Минтақаи бино
бо гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишӣ оро дода шудааст.
Иншооти нав
бо
сифати
баланд
сохта
шудааст, ки ба Сокинони Вилояти Хатлон имкон медиҳад, ки аз хидматҳои дар ин ҷо пешниҳодшуда самаранок истифода баранд.