Меню

Страницы

Статья

Китобхона

Китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 таъсис дода шудааст. Баъди ба фаъолияти касбӣ шуруъ намудани Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таъмин ва такмили китобхона афзуда, шумораи китобҳо ва хонандагонаш низ зиёд шуд, ки он ба мақсад ва вазифаҳои ин муассисаи маърифатӣ дар таъмини мавод, иттилоот, санадҳои қонунгузорӣ, адабиёти соҳавӣ ва дигар васоити ахбори омма мусоидат менамояд.

Доираи хонандагони китобхона васеъ буда, аз он бештар вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандону мутахассисони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳ ва мутахассисони соҳавии ин бунгоҳи қонунгузорӣ истифода менамоянд.

Хазинаи китобхона зиёда аз 12 ҳазор маводи гуногун иборат буда, қисми асосии онро адабиёти соҳавии парламентаризм – қонунгузории дохилию хориҷӣ ташкил медиҳад, ки мавриди истифодаи хонандагон қарор дорад.

Бахшҳои асосии китобхона адабиёти соҳаи давлат, сиёсат, таърих, ҳуқуқ, қонунгузорӣ, қонунҳои соҳавии дохилию хориҷӣ, кодексҳо, қонунҳои асоси (конститутсияҳо), адабиёти бадеӣ (назму наср), мантиқ, фалсафа, равоншиносӣ, луғату энсиклопедияҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҳуқуқ, маҷаллаю рӯзномаҳоро фаро мегирад.

    Ифтихори китобхона, бешубҳа, гӯшаи «Пешвои мо» маҳсуб мешавад. Ин гӯшаро асарҳои оламшумули Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Чеҳраҳои мондагор», ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ  ва намунае аз китобҳои сершумори дар бораи Пешвои муаззами миллатамон навиштаи олимону сиёсатмадорон ва адибону рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ зебу зиннат  додаанд.

Гӯшаи «Китобҳои вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон» ҳам, ки бо ташаббуси Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Файзалӣ Идизода таъсис ёфтааст, таваҷҷуҳи  ҳар як муштариву меҳмони китобхонаро ба худ ҷалб менамояд.

Хазинаи китобхона аз ҳисоби ба роҳ мондани муносибатҳои бисёрҷониба бо кишварҳо ва парламентҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои ин созмонҳою сафоратҳои муқими шаҳри Душанбе ва дастгирии бевоситаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагон ғанӣ мегардад.

Дар доираи муносибатҳои дуҷониба бошад алҳол китобхона бо китобхонаҳои парламентҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Беларус, Украина, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон дар самти рушди маводи ҳуқуқӣ ва табодули таҷриба робита баркарор намудааст.

Роҳбарият ва кормандони китобхона пайваста кӯшиш менамоянд, ки фаъолияти китобхонаро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ба роҳ монанд.

Дата публикации
17 июня 2025
Дата обновления
31 декабря 2025
Тип

Сейчас читают

10 января 2026
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву барномавӣ
09 января 2026
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар ноҳияи Қубодиён мулоқот доир намуданд
09 января 2026
Имомзода Нилуфар бо ҷавонон мулоқот орост

Социальные медиа

https://www.facebook.com/share/173Se4u4n6/

Меню подвал

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ehukumat.tj
Сомонаи қаблӣ