
Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо сабтҳои аудиоие ба гардиш даромаданд, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ирсолу бознашри паёмҳое дар мисоли “ҷумъа муборак” ва монанди он ҷаримаҳои сангин муайян гардидааст.
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри чунин матлабҳоро иғвоангезона дониста, иттилоъ медиҳад, ки онҳо ҳеч гуна асоси воқеӣ надоранд.