КҲФ: ОГОҲӢ АЗ ХАВФИ СЕЛ, ЧАНГУ ҒУБОР ВА ГАРМИИ ҲАВО

КҲФ: ОГОҲӢ АЗ ХАВФИ СЕЛ, ЧАНГУ ҒУБОР ВА ГАРМИИ ҲАВО

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 августи соли 2026 дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои хусусияти пиряхидошта боқӣ мемонад.

Бо дарназардошти вазъи мазкур, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми сафар ва будубош дар минтақаҳои кӯҳӣ, наздикии соҳили дарёҳо ва дигар мавзеъҳои хавфнок чораҳои эҳтиётиро қатъиян риоя намоянд.

Ҳамзамон, вобаста ба баланд шудани ҳарорати ҳаво ва эҳтимоли сар задани чангу ғубор, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад:

-бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ, соҳилҳои дарёҳо ва мавзеъҳои хавфи селдошта сафар накунанд;

-аз сайёҳӣ, сайру гашт, истироҳат, моҳидорӣ, шикор, ҷамъоварии гиёҳҳои табиӣ ва худрӯй, инчунин чаронидани чорво дар мавзеъҳои хавфнок худдорӣ намоянд;

-ҳангоми шамоли сахт ва чангу ғубор будубош дар ҳавои кушодро маҳдуд намуда, дару тирезаҳои манзилро маҳкам нигоҳ доранд;

-кӯдакон ва дигар гурӯҳҳои осебпазирро аз таъсири чангу ғубор ва гармии шадиди ҳаво муҳофизат намоянд;

-ронандагон зимни ҳаракат дар роҳҳо суръати бехатарро риоя намуда, бо эҳтиёти зиёд ҳаракат кунанд, зеро дар ҳолати чангу ғубор дурии биниш метавонад маҳдуд гардад;

-ҳангоми мушоҳидаи баландшавии сатҳи оби дарёҳо ё нишонаҳои сар задани сел фавран ба ҷойи бехатар кӯчида, мақомоти дахлдор ва сокинони атрофро огоҳ намоянд.

Ба сохторҳои дахлдор супориш дода шудааст, ки қувва ва воситаҳоро дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ дошта, ҳамоҳангиро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода ва дигар сохторҳои дахлдор тақвият бахшанд.

Инчунин, дар минтақаҳои хавфнок ва ниҳоят хавфнок бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, вазъият таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.

Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба огоҳиҳои расмӣ таваҷҷуҳ намуда, барои ҳифзи ҷони худ ва наздиконашон қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.