ЭҲТИЁТ ДАР РОҲ — КАФОЛАТИ ҲАЁТ

ЭҲТИЁТ ДАР РОҲ — КАФОЛАТИ ҲАЁТ

Санаи 10 августи соли 2026, соати 04:25, дар километри 39-уми шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб, автомашинаи сабукрави тамғаи «Донгфенг» ба дарёи Варзоб сарозер гардид.

Дар дохили автомашина ронанда ва се нафар мусофир қарор доштанд. Тибқи маълумоти ибтидоӣ, ронанда ҳангоми ҳаракат аз сабаби хоболудӣ идораи воситаи нақлиётро аз даст додааст. Ронанда ва ду мусофир мустақилона берун шуданд, вале як нафар мусофир — Маҳмудова Гулсарахон Иброҳимовна, соли таваллудаш 1984, ба дарё ғарқ гардид.

Наҷотдиҳандагон фавран ба корҳои кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ шурӯъ намуда, соати 07:06 ҷасади шаҳрвандро дар масофаи тақрибан 23 километр поёнтар аз маҳалли ҳодиса, дар ҳудуди сарбанди Неругоҳи барқи обии Варзоб, пайдо ва аз об берун оварданд.

Ҳодисаи мазкур бори дигар нишон медиҳад, ки як лаҳза беэҳтиётӣ метавонад оқибати фоҷиабор дошта бошад. Аз ин рӯ, аз ҳамаи ронандагон даъват карда мешавад, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъиян риоя намуда, суръати ҳаракатро ба шароити роҳ мутобиқ созанд ва ҳангоми хастагӣ ё хоболудӣ аз идораи воситаи нақлиёт худдорӣ намоянд.

Дар роҳҳои кӯҳӣ, махсусан қитъаҳои наздики дарёҳо ва ҷойҳои хатарнок, эҳтиёткории бештар зарур аст. Истифодаи камарбанди бехатарӣ ва риояи талаботи бехатарӣ аз ҷониби ронандагону мусофирон метавонад аз талафоти ҷонӣ пешгирӣ намояд.

Бехатарӣ дар роҳ — масъулияти ҳар як иштирокчии ҳаракат аст.