КҲФ-СУҒД: шаҳри Панҷакент (дарёфти ҷасад)

КҲФ-СУҒД: шаҳри Панҷакент (дарёфти ҷасад)
  1. Санаи 1 августи соли 2026, тахминан соати 14:20 дақиқа аз ҷониби сокинон хабар расид, ки дар ҳудуди деҳаи Мингдонаи ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент дар дарёи Зарафшон ҷасади ҷинсаш мард намоён шудааст.

Ҳангоми гирифтани хабар наҷотдиҳандагони дастаи зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд, дар водии Зарафшони ноҳияи Айнӣ, ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, ҷасадро аз дарё бароварда барои ташхис ба мақомотҳои дахлдор супориданд.

Баъд аз ташхис муайян гардид, ки ӯ шаҳрванд Турсунов Абдулло соли таваллудаш 1966, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан буда, номбурда санаи 21 июли соли ҷорӣ, бо автомашинаи сабукрави тамғаи “Opel Astra” рақами қайди давлатиаш 0666ТХ01 ба садама дучор гардида ба дарёи Фондарё сарозер шуда бедарак шуда буд.