
29 июли соли 2026, тахминан соати 09:30 дар деҳаи Кӯҳдоман, ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор ноболиғ Назруллозода Абубакри Абдулмалик, соли таваллудаш 19 июни соли 2015, истиқоматкунандаи деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ, ҳангоми меҳмонӣ дар хонаи бобояш зимни оббозӣ дар дарёи Сурхоб ғарқ шудааст.
Пас аз гирифтани хабар наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии шуъбаи минтақавии Кумита дар шаҳри Кӯлоб ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, корҳои ҷустуҷӯии рӯизаминӣ ва зериобиро оғоз намуданд.
Корҳои ҷустуҷӯӣ то соати 20:00 идома ёфта, мутаассифона, натиҷа надоданд.
Дар ҳолати дарёфти ҷасади ноболиғ маълумоти иловагӣ пешниҳод карда мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намуда, кӯдаконро бе назорати калонсолон ба соҳили дарёҳо ва дигар обанборҳо роҳ надиҳанд.