КҲФ:Дар ноҳияи Варзоб ҷасади як зан аз дарёи Варзоб берун оварда шуд

КҲФ:Дар ноҳияи Варзоб ҷасади як зан аз дарёи Варзоб берун оварда шуд

Тибқи маълумоти пешакӣ, ки аз ҷониби Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб пешниҳод шудааст, 28 июли соли 2026, тахминан соати 13:30, дар ҳудуди километри 21-уми ҷамоати деҳоти Варзобқалъа як зан бо сабабҳои то ҳол номаълум худро ба дарёи Варзоб партофта, ғарқ шудааст.

Бо ҷалби қувваю воситаҳои дахлдор ҷасади зан аз об берун оварда шуда, барои гузаронидани ташхиси судию тиббӣ ба мақомоти дахлдор супорида шуд.

Айни замон шахсияти фавтида муайян карда нашудааст. Дар сурати дастрас гардидани маълумоти иловагӣ, аз ҷумла оид ба шахсияти ӯ ва натиҷаи санҷишҳо, иттилооти иловагӣ пешниҳод хоҳад гардид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ҳангоми қарор доштан дар назди обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намуда, дар ҳолатҳои мушоҳидаи ҳодисаҳои фавқулода фавран ба хадамоти дахлдор хабар диҳанд.