
Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 29 июл то 1 августи соли 2026 бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои хусусияти пиряхӣ дошта пешгӯӣ гардидааст.
Ҳамзамон, дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи оби дарёҳо дар назар дошта мешавад.
Бо мақсади пешгирии оқибатҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор дастур додааст, ки қувва ва воситаҳоро дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ дошта, ҳамоҳангиро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода тақвият бахшида, дар минтақаҳои хавфнок навбатдории шабонарӯзиро ташкил намоянд.
Ҳамчунин, вобаста ба баланд шудани ҳарорати ҳаво ва эҳтимоли ба амал омадани чангу ғубор, татбиқи чораҳои пешгирикунанда ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ, назорати вазъи муҳити зист ва таъмини бехатарии аҳолӣ пурзӯр карда мешавад.
Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд:
аз сафарҳои бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ, соҳилҳои дарёҳо ва мавзеъҳои хавфи селдошта худдорӣ намоянд;
-аз сайёҳӣ, истироҳат, моҳидорӣ, шикор, ҷамъоварии гиёҳҳои худрӯй ва чаронидани чорво дар мавзеъҳои хавфнок худдорӣ кунанд;
-ҳангоми шамоли сахт ва чангу ғубор будубошро дар ҳавои кушод маҳдуд намуда, дару тирезаҳои манзилро маҳкам нигоҳ доранд;
-кӯдакон, калонсолон, занони ҳомила ва шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг ва роҳҳои нафас худро аз таъсири гармӣ ва чангу ғубор муҳофизат намоянд;
-ронандагон зимни ҳаракат дар роҳҳо суръати бехатарро риоя намуда, бо эҳтиёти зиёд ҳаракат кунанд;
-дар сурати мушоҳида намудани баландшавии сатҳи оби дарёҳо ё нишонаҳои сар задани сел фавран ба ҷойҳои бехатар кӯчида, мақомоти дахлдор ва сокинони атрофро огоҳ созанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз ҳамаи шаҳрвандон даъват менамояд, ки ба иттилооти расмӣ таваҷҷуҳ намуда, тавсияҳои бехатариро риоя кунанд. Риояи ин тадбирҳо метавонад аз талафоти ҷонӣ ва зарари молӣ пешгирӣ намояд.