
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 25 то 27 июли соли 2026 бинобар баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад.
Бо мақсади пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва тамоми сохторҳои дахлдор тавсия медиҳад, ки омодагии қувва ва воситаҳоро таъмин намуда, навбатдории шабонарӯзиро дар минтақаҳои хавфнок ташкил карда, ҳамоҳангиро миёни ҳамаи сохторҳои марбута тақвият бахшанд.
Ҳамзамон, бо дарназардошти баланд шудани ҳарорати ҳаво, зарур аст чораҳои пешгирии таъсири манфии мавҷҳои гармӣ ба саломатии аҳолӣ, бахусус гурӯҳҳои осебпазир, амалӣ гардида, инчунин дар иншооти зеризаминӣ тадбирҳои иловагии бехатарӣ барои ҳифзи кормандон пурзӯр карда шаванд.
КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд:
бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ, соҳилҳои дарёҳо ва мавзеъҳои хавфи селдошта сафар накунанд;
аз сайёҳӣ, истироҳат, моҳидорӣ, шикор, ҷамъоварии гиёҳҳои худрӯй ва чаронидани чорво дар мавзеъҳои хавфнок худдорӣ намоянд;
ҳангоми мушоҳида намудани баландшавии сатҳи оби дарёҳо ё дигар аломатҳои сар задани сел фавран ба ҷойҳои бехатар кӯчида, мақомоти дахлдор ва сокинони атрофро огоҳ созанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки танҳо аз маълумоти расмӣ истифода намуда, қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд.
Дар ҳолати ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулода фавран ба рақами ягонаи хадамоти наҷот – 112 занг занед ё аз замимаи мобилии «SOS» истифода баред.
Сарчашма: МИҲБ КҲФ ҶТ.