ОГОҲИИ КҲФ

ОГОҲИИ КҲФ
 
Бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 июли соли 2026 дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани сел боқӣ мемонад.
Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар ворид шудани хокбориш аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ, баландшавии сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), инчунин зарраҳои андозаашон то PM10 ва PM2.5 пешбинӣ мегардад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар чунин шароити номусоиди обу ҳаво қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд.
Тавсия дода мешавад:
- аз сафарҳои нолозим ба минтақаҳои кӯҳӣ, соҳили рӯдхонаҳо ва мавзеъҳои хавфнок худдорӣ намоед;
- аз машғул шудан ба сайёҳӣ, сайру гашт, ҷамъоварии гиёҳҳои худрӯй, шикор ва рондани чорво дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунед;
- ҳангоми ба амал омадани боришоти шадид ва сел аз қарор гирифтан дар дараҳо, ҷӯйборҳо ва селроҳаҳо худдорӣ намоед;
- шахсони гирифтори бемориҳои роҳи нафас, кӯдакон ва пиронсолон дар рӯзҳои хокбориш то ҳадди имкон аз будубоши тӯлонӣ дар фазои кушод худдорӣ намоянд ва аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.
Кумита вазъро таҳти назорати доимӣ қарор дода, аз мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои дахлдор даъват менамояд, ки қувва ва воситаҳоро дар ҳолати омодабош нигоҳ дошта, тадбирҳои пешгирикунандаро пурзӯр намоянд.