КҲФ: Дар натиҷаи фаромадани сел ба деҳаҳои Баррӯшон ва Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшон як қатор манзилҳои истиқоматӣ зарар диданд

КҲФ: Дар натиҷаи фаромадани сел ба деҳаҳои Баррӯшон ва Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшон як қатор манзилҳои истиқоматӣ зарар диданд

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 20 июли соли 2026, соати 18:59, дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон бар асари баланд шудани ҳарорати ҳаво ва об шудани барфу пиряхҳои баландкӯҳ сел ба қайд гирифта шуда, аз селроҳа ҷорӣ гардида, ба як қатор манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар расонид.
Ҳамчунин, ҳамон рӯз, соати 21:49, дар деҳаи Деҳрӯшони ҷамоати деҳоти Назаршоҳ Додихудоев низ дар натиҷаи фаромадани сел аз баландкӯҳҳо ба манзилҳои истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ, майдончаи варзишӣ, кӯчаҳо ва роҳравҳо зарар расонида шуд.
Бо дастури роҳбарияти Кумита, соати 19:15 гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии сардори Раёсати Кумита дар ВМКБ таъсис дода шуда, 17 нафар ҳайати шахсӣ бо ҷалби 4 адад техника ва нақлиёти хизматӣ ба минтақаҳои зарардида сафарбар гардиданд.
Айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят якҷо бо гурӯҳи кории Раёсати Кумита дар ВМКБ аз минтақаҳои осебдида боздид намуда, баҳогузории пешакии хисоротро анҷом доданд.
Тибқи маълумоти пешакӣ:
Деҳаи Баррӯшон – 30 хоҷагӣ зарар дидааст, аз ҷумла:
10 хона пурра;
6 хона қисман;
14 хона сабук осеб дидааст.
Деҳаи Деҳрӯшон – 10 хоҷагӣ зарар дидааст, аз ҷумла:
4 хона қисман;
6 хона сабук осеб дидааст.
Дар маҷмӯъ, аз офати табиӣ 198 нафар аъзои оилаҳои зарардида осеб дидаанд, ки аз онҳо:
67 нафар ба хонаҳои пурра зарардида;
43 нафар ба хонаҳои қисман зарардида;
88 нафар ба хонаҳои сабук зарардида рост меоянд.
Бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, айни замон дар минтақаҳои зарардидаи ноҳияи Рӯшон 3 адад боркунаки фронталӣ ва 2 адад техникаи экскаватор ба корҳои барқарорсозӣ ҷалб гардидаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъиятро таҳти назорати доимӣ қарор дода, бо дастрас гардидани маълумоти иловагӣ, ҷомеаро сари вақт огоҳ хоҳад кард.