
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 18 июли соли 2026, соати 16:15, ба Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумита аз ҷониби ҳамоҳангсози гурӯҳи сайёҳон Сергей Наседкин иттилоъ ворид гардид, ки ҳангоми фаромадани гурӯҳи иборат аз 5 нафар сайёҳони Федератсияи Россия аз ағбаи Турамис-1, яке аз иштирокчиёни гурӯҳ – шаҳрванди Федератсияи Россия Байер Игор Игоревич, таваллудаш 23 январи соли 2004, дар натиҷаи афтидан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ (осеби сар ва пой) бардоштааст.
Тибқи маълумоти мавҷуда, айни замон гурӯҳи сайёҳон дар базаи сайёҳии майдони Москвина, дар баландии 4200–4300 метр аз сатҳи баҳр қарор доранд. Вазъи саломатии шаҳрванд Байер Игор Игоревич муътадил арзёбӣ гардида, таҳти назорат қарор дорад.
Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва интиқоли сайёҳон, аз ҷумла шахси ҷароҳатбардошта, бо роҳбари гурӯҳи сайёҳон ҳамоҳангсозии зарурӣ анҷом дода шуда, интиқоли онҳо тавассути чархбол аз майдони Москвина санаи 24 июли соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъиятро таҳти назорати доимӣ қарор дода, бо дастрас гардидани маълумоти иловагӣ, иттилои навбатиро ба ҷомеа пешниҳод хоҳад кард.