
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 18–20 июли соли 2026 дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои ниҳоят гарм пешгӯӣ мешавад.
Тибқи пешгӯӣ, ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои водӣ то +42…+47°С, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то +35…+40°С ва дар ноҳияи Дарвози ВМКБ то +40…+42°С мерасад.
Бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари сар задани селҳои хусусияти пиряхӣ зиёд гардида, дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш болоравии сатҳи об дар назар аст. Илова бар ин, рӯзҳои 21–22 июл дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бинобар омилҳои метеорологӣ баландшавии сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз ҳисоби зарраҳои муаллақ (PM-10 ва PM-2.5) пешгӯӣ мешавад.
КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки аз сафарҳои нолозим ба минтақаҳои кӯҳӣ, соҳилҳои дарёҳо ва ҷойҳои хавфнок худдорӣ намуда, аз таъсири мустақими нурҳои офтоб эҳтиёт кунанд, бештар об нӯшанд ва тавсияҳои мақомоти дахлдорро риоя намоянд.
Ҳамчунин, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки барои дарёфти огоҳсозиҳои саривақтӣ ва иттилооти расмӣ аз вазъи ҳаво ва ҳолатҳои фавқулода, замимаи мобилии «SOS»-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро насб ва истифода намоянд.
Дар ҳолати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба рақами ягонаи хадамоти наҷот 112 занг зада, ё тавассути замимаи мобилии «SOS» барои дархости кумак ва ирсоли макони ҷойгиршавии худ муроҷиат намоянд.
Сарчашма: МИҲБ КҲФ ҶТ