КҲФ: Дар шаҳри Панҷакент корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел дар деҳаи Рашнаи Поён идома доранд

КҲФ: Дар шаҳри Панҷакент корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел дар деҳаи Рашнаи Поён идома доранд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва дигар сохторҳои дахлдор корҳои бартарафсозии оқибатҳои селро, ки 11 июли соли ҷорӣ дар деҳаи Рашнаи Поёни Ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент рух дод, идома медиҳад.

11 июли соли 2026, соати 16:30, бар асари боришоти шадид дар деҳаи Рашнаи Поён сел ҷорӣ шуда, ба хонаҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон, заминҳои наздиҳавлигӣ, роҳу кӯпрукҳо, воситаҳои нақлиёт, хатҳои интиқоли неруи барқ, шабакаҳои оби нӯшокӣ ва дигар инфрасохтори маҳаллӣ хисорот расонид.
Бо супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони Кумита, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва мутахассисони соҳаи геология ба маҳалли ҳодиса сафарбар гардиданд. Таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Панҷакент комиссияи корӣ таъсис дода шуда, корҳои омӯзиши вазъ, муайян намудани ҳаҷми хисорот ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ оғоз гардид.
Тибқи арзёбии пешакӣ, дар натиҷаи офат 5 хонаи истиқоматӣ пурра ва 4 хонаи дигар қисман зарар дидаанд. Ҳамчунин, ба 63 хонаи истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигӣ селоба ворид гардидааст.
Дар баробари ин, 2 кӯпрук, 5 симчӯби хатҳои интиқоли неруи барқ, 500 метр ноқили барқ, 1300 метр роҳи маҳаллӣ ва 1 воситаи нақлиёт зарар дидаанд.
Бо мақсади ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ барои тоза намудани маҷрои сел, анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва ба самти бехатар равона намудани селоба 5 адад техникаи махсус сафарбар карда шуд. Дар баробари ин, сокинони деҳаи Рашнаи Поён ва деҳаҳои ҳамсоя низ дар тоза намудани хонаҳо, ҳавлиҳо, роҳҳо ва дигар иншоот аз обу лойқа иштироки фаъолона намуданд.
Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳаҷми зарари расонидашуда зиёда аз 4 миллион сомонӣ арзёбӣ мегардад. Ҳаҷми ниҳоии зарар пас аз анҷоми пурраи барӯйхатгирӣ, ҳисобу китоби хисорот ва таҳияи хулосаҳои соҳавӣ муайян карда мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъро таҳти назорати доимӣ қарор дода, дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва дигар сохторҳои масъул ҷиҳати ҳарчи зудтар барқарор намудани инфрасохтори зарардида ва расонидани кумак ба аҳолии осебдида тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
капитан Шаҳноза Қурбонзода
Шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумита