
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дигар сохторҳои дахлдор корҳои бартарафсозии оқибатҳои селро, ки рӯзҳои 11 ва 12 июли соли ҷорӣ дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтуч рух дод, идома медиҳад.
Тавре маълум аст, 11 июли соли 2026, соати 15:42, бар асари боришоти шадиди борон дар деҳаҳои мазкур сел ҷорӣ шуда, ба манзилҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон, заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо, воситаҳои нақлиёт, хатҳои интиқоли неруи барқ ва шабакаҳои оби нӯшокӣ зарари ҷиддӣ расонид. Баъдан, 12 июли соли 2026, соати 16:30, сел такроран ҷорӣ гардида, қисматҳои роҳ, иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ ва як қисми корҳои қаблан анҷомдодашударо шуста бурд.
Тибқи арзёбии пешакӣ, дар маҷмӯъ 65 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст. Аз ҷумла, дар деҳаи Дарғ 46 ва дар деҳаи Каздон 19 хона аз обу лойқа осеб дида, 3 хона дар деҳаи Дарғ қисман ва 1 хона дар деҳаи Каздон пурра хароб гардидааст.
Инчунин, аз 117 иншооти ёрирасон 25 адад пурра хароб шуда, 92 адади дигар зери лойқа мондааст. Дар натиҷаи офат 98 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 29,07 гектар замини кишоварзӣ, як қисми боғоту кишти картошка, ғалладона, сабзавот ва хӯроки чорво зарар дида, 14 сар чорвои майда талаф ёфтааст.
Ба инфрасохтори маҳал низ хисороти назаррас расидааст. Аз ҷумла, 31,11 километр ҷӯйбору канал, як пули одамгузар, 5 километр хатти интиқоли неруи барқ, 23 сутуни барқ, як трансформатор, як зеристгоҳи барқӣ ва 5,2 километр хатти оби нӯшокӣ осеб дидаанд. Ҳамчунин, аз 11 воситаи нақлиёти зарардида 7 адад пурра корношоям гардида, 4 воситаи дигар ба таъмири асосӣ ниёз доранд.
Бо мақсади ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ 5 адад техникаи махсус сафарбар гардида, корҳои тоза намудани маҷрои сел, соҳилмустаҳкамкунӣ, барқарорсозии роҳҳо, хатҳои интиқоли неруи барқ ва шабакаҳои оби нӯшокӣ бо ҷалби мутахассисону техника идома доранд.
Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳаҷми зарари расонидашуда зиёда аз 7 миллион сомонӣ арзёбӣ мегардад. Ҳаҷми ниҳоии зарар пас аз анҷоми пурраи барӯйхатгирӣ, ҳисобу китоби хисорот ва таҳияи хулосаҳои соҳавӣ муайян карда мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъро таҳти назорати доимӣ қарор дода, дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва дигар сохторҳои масъул барои ҳарчи зудтар барқарор намудани инфрасохтори зар
ардида ва расонидани кумак ба аҳолии осебдида тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.