КҲФ: Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид

КҲФ: Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид

16 июли соли 2026 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар нишаст Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холматзода Манучеҳр, муовинони Раиси Кумита, сардорони воҳидҳои сохторӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Зимни нишаст Раиси Кумита натиҷаҳои фаъолияти Кумитаро дар шаш моҳи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода, зикр намуд, ки ҳайати шахсии Кумита дар ин давра ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, анҷом додани корҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ, таъмини амнияти аҳолӣ, омодасозии қувваву воситаҳо ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.
Таъкид гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 дар қаламрави ҷумҳурӣ 741 ҳолати фавқулоддаи хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуда, воҳидҳои наҷотдиҳии Кумита дар ҳамаи ҳолатҳои зарурӣ ба таври фаврӣ сафарбар гардида, барои наҷоти шаҳрвандон ва коҳиш додани оқибатҳои офатҳои табиӣ тадбирҳои саривақтӣ амалӣ намуданд.
Ҳамзамон, ба рӯзноманигорон оид ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, омӯзиши аҳолӣ, омодагӣ ба мавсими хавфнок, фаъолияти марказҳои идоракунӣ, рушди заминаи моддиву техникӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Кумита маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар қисмати саволу ҷавоб намояндагони воситаҳои ахбори омма масъалаҳои марбут ба пешгирии офатҳои табиӣ, корҳои наҷотдиҳӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва дигар самтҳои фаъолияти Кумитаро матраҳ намуда, аз роҳбарияти Кумита ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дар анҷоми нишаст Раиси Кумита аз таваҷҷуҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти худро баҳри ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва таъмини амнияти аҳолӣ бо масъулияти баланд идома хоҳад дод.