КҲФ-ВМКБ: ИДОМАИ КОРҲОИ ҶУСТУҶӮИ РУЙИОБӢ ВА ЗЕРИОБӢ

КҲФ-ВМКБ: ИДОМАИ КОРҲОИ ҶУСТУҶӮИ РУЙИОБӢ ВА ЗЕРИОБӢ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани корҳои ҷустуҷӯии рӯи обӣ ва зери обӣ тамоми тадбирҳоро амали менамояд.

Бо мақсади дарёфти ҷасадҳое, ки дар пайи ҳодисаи нохуш ба дарё сарозер гардидаанд, дар ин минтақа беш аз 100 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Раёсати Кумита дар ВМКБ, Минтақаи Кӯлоб, Раёсати таиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ наҷотдиҳии Кумита, дар якҷоягӣ бо мақомоту сохторҳои дахлдор корҳои ҷустуҷӯии рӯйи обӣ ва зери обиро анҷом дода истодаанд.
Корҳои ҷустуҷӯии аз мавзеи ҳодиса оғоз гардида, дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеҳо ҷараён дорад.