Хуҷанд (ғарқшавӣ)
Санаи 16 июни соли 2026, тахминан соати 18:20 дақиқа шаҳрванд Самадов Алишер Алиевич соли таваллудаш 19.04.2009, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми оббозӣ намудан дар мавзеи обутобгоҳи дарёи Сир, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд аз сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ба ғарқшавӣ дучор гардид.
Номбурда сари вақт аз ҷониби гурӯҳи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд, ки дар мавзеи обутобгоҳи дарёи Сир навбатдорӣ ташкил кардаанд, аз ҳолати ғарқшавӣ (зинда) наҷот дода шуд.
Ёдовар мегардем, ки дар ин давраи мавсими шиноварӣ аллакай наҷотдиҳандагони Кумита 10 нафар шаҳрвандонро аз ҳолати ғарқшавӣ наҷот додаанд. Ёддовар мегардем, ки қаблан наҷотдиҳандагон 9 шаҳрвандро аз ҳолати ғарқшавӣ наҷот дода будаанд.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур Кумита бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат менамояд, ки худсарона дар мавзеҳои мамнӯъ ва хатарнок ба истироҳату фароғат ҷалб нагарданд.