
Шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 9-уми июни соли ҷорӣ тахминан соатҳои 02:00 дақиқа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шугнов деҳаи Зелолак, дар корхонаи истехроди маъдани тиллои Ҷамъиятӣ дорои масъулияташ маҳдуди "Ганҷи Ваҳдат", шаҳрванд Давлатзода М. ҳангоми риоя накардани техникаи бехатарӣ ва набаромадан аз уҳдаи рондани нақлиётӣ муҳандисии фронталӣ "мехлопата" дар обанбори ҶДММ-и боло зикр сарозер шуда ба ҳалокат мерасад.
Ҳангоми гирифтани хабари телефонӣ Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда ҷасадро аз об бароварда ба сохторҳои дахлдор супорида шуд.
Вобаста ба ҳолатҳои ғарқшавӣ Кумита бори дигар ба шаҳрвандон мерасонад, ки дар мавзеҳои обӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, кӯдакону наврасонро беназорат нагузоранд!