Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ тадбирҳоро амалӣ мекунад.
Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 152-и шаҳри Ваҳдат миёни толибилмон ва масъулон вохӯрӣ доир гардид.
Ҳадаф аз ташкили ин вохӯрӣ дар арафаи таҳтили мактаббачагон пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ маҳсуб меёбад.
Муовини Раиси шаҳри Ваҳдат дар баромади худ изҳор дошт, ки солимии ҷомеа ин солимӣ ва рушди кишвар маҳсуб меёбад. Пас дар ин самт бояд ҳама қишри ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ваҳдат низ зимни баромади худ оид ба риояи қоидаҳои шиноварӣ дар куллу дарёҳо изҳори назар намуданд.
Ёдовар мегардем, ки то имрӯз дар шаҳри Ваҳдат дар кӯл даёҳо 4 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам мебошад.
Қобили қайд аст, ки бо супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, чунин корҳои пешгирикунанда ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти ҳолатҳои ғарқшавӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар идома доранд.