
Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 18–19 майи соли 2026 бинобар ба амал омадани боришот дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), инчунин дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
Ҳамзамон, рӯзҳои 18–20 май дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хатари сар задани сел пешгӯӣ мешавад.
Илова бар ин, рӯзи 18 май дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон бо сабаби ворид гардидани чангу ғубор аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ, баланд гардидани сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ, аз ҷумла заррачаҳои РМ-10 ва РМ-2,5, дар назар аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар чунин шароити номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд. Ҳангоми ҳаракат дар наздикии соҳили дарёҳо ва мавзеъҳои хавфнок эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя кунанд.
Ҳамчунин ба сохторҳои дахлдор супориш дода шудааст, ки қувва ва воситаҳоро дар ҳолати омодабоши доимӣ қарор дода, дар минтақаҳои хавфнок навбатдории шабонарӯзиро ташкил намуда, тадбирҳои пешгирикунанда ва ҳифзи аҳолиро пурзӯр намоянд.