
Тибқи маълумоти ҷамъбастии навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи аз 10 то 13 майи соли 2026 дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои боришоти шадиди борон, сел ва шамоли сахт идома доранд.
Ба корҳои мазкур ҷузъу томҳои Кумита, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хадамотҳои соҳавӣ, ҳайати ҳарбӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.
Дар шаҳри Кӯлоб корҳои бартарафсозӣ дар якчанд марҳила ба роҳ монда шуданд. Санаи 10 май барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ 560 нафар, 1 адад техникаи муҳандисии экскаватор, 6 адад мехлопата, 15 адад автомашинаҳои боркаш, 4 адад автомашинаҳои махсуси сӯхторхомӯшкунӣ ва 7 адад нақлиёти обкаш ҷалб гардида, 560 метр роҳҳои мошингард ва 40 адад манзили истиқоматӣ аз лойқа ва шағал тоза карда шуданд.
Ҳамзамон 220 рейс қуму шағал аз маҳалҳои зарардида бароварда шуд. Инчунин 44 нафар хизматчиёни ҳарбӣ боз 8 манзили истиқоматиро аз лойқа тоза намуда, 12 нафар кормандон қитъаи Сойи Тебалайро ба дарозии 62 метр барқарор карданд, ки дар он 680 метри мукааб корҳои заминӣ анҷом дода шуда, 88 адад тахтасанг васл гардид.
Минбаъд корҳои тозакунии Дарёчаи Кӯлоб, селпартои Девонасой ва каналҳои Бештигирмони боло идома ёфтанд.
Санаи 11 май дар шаҳри Кӯлоб 520 нафар ба корҳои бартарафсозӣ ҷалб гардида, рӯзҳои 12–13 май 41 нафар хизматчиёни ҳарбӣ, 18 нафар намояндагони ҷавонон ва 14 нафар кормандони муассисаҳои таълимӣ ба тозакунии манзилҳои истиқоматӣ, ҳавлиҳо ва каналҳо машғул шуданд.
Кӯмакҳои башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 511 хоҷагии зарардида дастрас гардиданд.