
Дар асоси Қарори Ҳайати Мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.04.2026, №2 ва “Нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кудакон ва наврасон дар соли 2026” дар давоми моҳи апрели соли 2026 аз ҷониби гурӯҳи кории Раёсат дар якҷоягӣ бо Шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Конибодом, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов ҷиҳати омодагӣ ба мавсими оббозӣ ва пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ бо масъулини обутобгоҳҳо, осоишгоҳо, урдугоҳҳои бачагона ва дигар маконҳои истироҳатие, ки дар соҳили обанбори “Баҳри Тоҷик” ва дарёи Сир фаъолият мебаранд, вохурӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, огоҳномаҳои Раёсат дастрас карда шуд.
Дар рафти вохурӣ ба масъулин тавсия дода шуд, ки то оғози мавсими оббозӣ барои истироҳати шаҳрвандон шароитҳои мусоид фароҳам оварда, дар мавзеъҳое, ки барои оббозӣ намудан хавфнок аст лавҳаҳои огоҳкунанда насб намоянд.