
маълумоти пешакӣ
Санаи 3 майи соли 2026, тахминан соати 16:05 дақиқа, дар маҳалли Шодоби ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб, бар асари боридани борони зиёд аз таллу теппаҳо сел фаромада, дар натиҷа ба заминҳои наздиҳавлигӣ, роҳҳои мошингузар, гузаргоҳҳо ва таҳхонаҳо обу лойқа ворид гардида, зарар расонидааст.
Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб оид ба ҳолатҳои фавқулодда баҳри бартараф кардани офати табиӣ ва муайян намудани ҳаҷми зарари расида фаъолият доранд.