Маълумот оид ба ҳолатҳои фавқулода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон
30 апрели соли 2026 дар натиҷаи боришоти пуршиддат, борони сахт ва жолаборон дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳолатҳои обхезӣ ва сел ба қайд гирифта шуданд.
Қувва ва воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода фавран ба ҷойи ҳодисаҳо сафарбар гардида, бо истифода аз техникаи махсус ва таҷҳизоти обкашӣ корҳои бартарафсозиро оғоз намуданд.
Дар натиҷаи боришоти шадид ва жола об ба як қатор манзилҳои истиқоматӣ ва иншоот ворид гардид. Аз ҷумла, таҳхонаи таваллудхонаи шаҳрии №1, хонаҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои Н. Махсум (8/2, 8/3, 8/4), зери купруки кӯчаи Шамсӣ дар ҳудуди тарабхонаи «Арбат», кӯчаи Зафар, хонаи №11, инчунин манзилҳо дар ҳудуди Маркази саломатии шаҳрии №14 зери об монданд. Гурӯҳи наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва наҷотдиҳандагони Раёсати Хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ - наҷотдиҳӣ бо таҷҳизоти махсуси обкашӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, обро аз таҳхонаҳо ва ҳудуди зарардида хориҷ намуданд.
Дар натиҷаи боришот таҳхонаи Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ пур аз об гардид. Гурӯҳи наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсуси обкашӣ обро пурра бартараф намуд.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Дар деҳаи Меҳробод-Обшорони ҷамоати деҳоти Чорякорон лойоба ба 6 замини наздиҳавлигӣ ва 2 таҳхона ворид гардид. Дар деҳаи Чорякорон-дара ба 3 замини наздиҳавлигӣ обу лойқа расид. Инчунин ба бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 обу лойқа ворид гардид. Дар деҳаи Шайнаки Чинори ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ба 1 замини наздиҳавлигӣ, 1 иншооти ёрирасон (оғилхона), нуқтаи сӯзишворӣ, корхонаи хиштбарорӣ ва зиёда аз 50 сотих заминҳои кишоварзии ҶДММ «Раҷабали Давлат» зарар расид. Дар кӯчаи Рӯдакии ҷамоати шаҳраки Навобод ба 5 замини наздиҳавлигӣ ва 2 таҳхона, дар кӯчаи Котибон ба 6 замини наздиҳавлигӣ, 1 таҳхона ва 7 хонаи истиқоматӣ обу лойқа ворид гардид. Айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса фаъолият бурда, ҳаҷми зарарро муайян намуда истодааст.
Дар деҳаи Ҳафттеппаи ҷамоати деҳоти Ориён сел аз таллу теппаҳо фаромада, роҳи мошингузари ҷамоатро дар масофаи тақрибан 200 метр бо лойқа пур кард. Бо ҷалби 1 адад техникаи муҳандисии экскаватор ва 1 адад мехлопата роҳ пурра тоза гардида, ҳаракати нақлиёт таъмин карда шуд. Дар деҳаи Ободдараи ҷамоати деҳоти Алмосӣ ба бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91 обу лойқа ворид гардида, хонандагон сари вақт ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд.
Дар деҳаи Ҳаёти-Нави ҷамоати деҳоти Чубек бар асари бориши зиёд аз таллу теппаҳо сел фаромада, ба заминҳои наздиҳавлигӣ, хонаҳои истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ ва роҳҳои мошингузар обу лойқа ворид гардида, зарар расонид. Айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса кору фаъолият намуда, ҳаҷми зарари расидаро муайян карда истодааст.
Дар ҷамоати деҳоти Корез сел фаромада, зиёда аз 30 хонаи истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ ва роҳҳои мошингузар зери таъсир қарор гирифтанд. Дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сангтуда низ ба заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои кишоварзӣ ва роҳҳои мошингузар обу лойқа ворид гардида, зарар расонид. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса фаъолият бурда, ҳаҷми зарар муайян карда мешавад.
Дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳр сел аз самти Ҷумҳурии Қирғизистон фаромада, дар натиҷа ба заминҳои наздиҳавлигӣ, хонаҳои истиқоматӣ, иншоотҳои ёрирасон ва купруки мошингузари болои маҳаллаи Навобод зарари ҷиддӣ расонд. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса кор бурда, ҳаҷми зарарро муайян менамояд.
Дар деҳаҳои Охчашма, Қурғонча ва Султонободи ҷамоати деҳоти Исмоилӣ бар асари бориши зиёд ва жола аз таллу теппаҳо сел фаромад. Дар натиҷа ба заминҳои наздиҳавлигӣ, иншоотҳои ёрирасон, 5 гектар замини гандум, 1,5 гектар замини картошка, 20 гектар замини пахта ва боғҳои мевадиҳанда зарар расид. Айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ҷои ҳодиса фаъолият намуда, ҳаҷми зарарро пурра муайян карда истодааст.
Сатҳи оби дарёҳо таҳти назорати доимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода қарор дошта, ҳолатҳои хавфнок ба қайд гирифта нашудааст. Ҳамаи шоҳроҳҳо ва ағбаҳои ҷумҳурӣ кушода буда, ҳаракати нақлиёт таъмин мебошад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода назорати шабонарӯзиро идома дода, барои бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва таъмин намудани амнияти аҳолӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад.