Вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи нашр ва пахш гардида дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба фавти сарбози яке аз қисмҳои ҳарбӣ Иброҳимов Ғолибҷон Сафаралиевичро мавриди баррасӣ қарор дод.

 
Вобаста ба қазияи мазкур роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамшарик буда, аз марги нобаҳангоми сарбози қаторӣ Иброҳимов Ғолибҷон Сафаралиевич сахт андӯҳгин ҳастанд, ба волидайн ва наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.
 
Пеш аз ҳама қайд менамоем, ки матолиби нашргардида, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, як маводи бе таҳлили дақиқ буда, дар ин мавод назари коршиносон ва натиҷаи ҳолат қайд нагардидааст. Дар инҷо танҳо ба хотири зуд нашр кардани матлаб бе таҳлил ва бе назари кормандони соҳа матолиб нашр карда шудааст.
 
Дар ҳоли дигар бошад дар матлаб танҳо назари нафароне илова карда шудааст, ки бо фикри ғалату доираи танги ин нашркунанда маҳдуд гардидаанд. Наход нафаре, изҳори ҳамдардии аниқ ва хизмати модар - ватанро рисолати фарзандӣ дар зери ин матолиб қайд накарда бошанд. Чаро масъулини шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо андешаи ба худ муносибро бо даровардани ислоҳот илова мекунанду дигаронашро пок мекунанд.
 
Ҷиҳати муайян намудани сабабу омилҳои қазияи мазкур ва ба муҷозот кашидани шахсони гунаҳкор аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори кишвар санҷиши пурра ва ҳамаҷониба оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
 
Қобили зикр аст, ки Кумита дар доираи ҳамкориҳо ва талаботҳои қонунгузорӣ ҷиҳати ташхис ва табобати ҳайати шахсӣ, бахусус сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, ҳамкории ройгонро бо Маркази миллии ташхису табобат ва дигар муассисаҳои тиббӣ ба танзим даровардааст. Дар ин ҳол ситонидани маблағ дар самти табобати сарбоз ягон асоси воқеӣ надошта, у маблағҳои интиқолдодаи волидонро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
 
Ҳамзамон, вобаста ба иддаои модари марҳум ки гуё “Қисми ҳарбӣ мактаби мардонагиву ҷавонмардӣ набудааст...” қайд менамоем, ки имрӯз бо дастгириҳои давлату ҳукумати ҷумҳурӣ шароитҳои хизмати ҳарбӣ мутобиқ ба талаботи ҳарбӣ ва муносиб ба сатҳи зарурӣ таъмин гардида, дар самти назорати ҳайати шахсӣ аз ҷониби масъулини қисмҳои ҳарбӣ ва сохтору мақомотҳои дахлдори кишвар корҳои тарбиявию интизомӣ назорат ва таъмин гардида истодааст.
 
Бояд иброз намуд, ки сарбоз Иброҳимов Ғолибҷон Сафаралиевич 10 августи соли 2003 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ санаи 1 октябри соли 2025 аз тарафи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда шудааст.
 
Вобаста ба қазияи бемории Ғолибҷон Иброҳимов қайд менамоем, ки дар ҳақиқат номбурда, санаи 4 апрели соли 2026 вобаста ба нотоб гардидани вазъи саломатияш (дарди меъда) ба масъулини қисми ҳарбӣ муроҷиат намуда, аз ҷониби табибони нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ ёрии тиббӣ дар шакли сӯзандорӯи таскиндиҳанда расонида шудааст.
 
Субҳи 7 апрели соли 2026 бо сабаби шабона дард кардани меъдаааш, сарбоз Иброҳимов Ғолибҷон бори дигар ба масъулини қисми ҳарбӣ муроҷиат намуда, қайд менамояд, ки зимни истеъмоли хӯрок ногаҳон устухонпореро фурӯ бурдааст. Санаи 7 апрел тибқи дастури командири қисми ҳарбӣ, сардори нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ сарбози мазкурро фавран ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бурда, аз ташхис (рентген)-и қафаси сина ва ковокии шикам мегузаронад. Дар акси ташхис муайян мегардад, ки дар бадани номбурда ҷисмҳои бегонаи рентген-негативӣ дида намешавад. Бо тавсияи табибони беморхона ва хоҳиши наздикону пайвандон барои ба хонаи волидонаш рафтан ба сарбоз Иброҳимов Ғ. аз санаи 7 то 10 апрели соли 2026 мурахассӣ дода мешавад.
 
Дар давраи мурахасӣ сарбоз Иброҳимов Ғ. ҳамроҳи модараш барои ташхиси сабабҳои дарди меъда ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рафта, аз ҷониби табибон барои гузаронидани ташхиси дақиқ ба беморхонаҳои марказии тахассусии ҷумҳурӣ ва ё Беморхонаи ҳарбӣ тавсия дода мешавад.
 
Бо роҳхати командири қисми ҳарбӣ санаи 14 апрели соли 2026 сарбоз Иброҳимов Ғ. ба Беморхонаи ҳарбии Кумита равон карда шуда, бо шикоятҳои дард ва сӯзиши меъда, ҳисси вазнинӣ дар меъда, дилбеҳузурӣ, зардаҷӯш қабул карда шуда, ташхиси “Фурӯбарии ҷисми бегона дар гумон. Гастродуоденити музмин” гузошта мешавад. Номбурда аз ҷониби мутахассисони Беморхонаи ҳарбӣ дар Шуъбаи даруннигории Маркази миллии ташхису табобат (Диагностика) муоинаи дарунгирӣ (ЭГДС) гузаронида шуда, тибқи хулосаи тиббии дастрасшуда, ташхиси “Газаки омехтаи меъдаву рӯдаи 12 ангушта, рефлюкси дуодено-гастралӣ” гузошта шуда, табобатҳои лозимаро қабул менамояд. Санаи 21 апрели соли 2026 сарбоз Иброҳимов Ғ. дар ҳолати қаноатбахш аз Беморхонаи ҳарбии Кумита ба рухсатӣ бо сабаби беморӣ ҷавоб дода шудааст.
 
Иброҳимов Ғолибҷон зимни дар рухсатӣ қарор доштан, санаи 23 апрели соли 2026 бо ёрии рафиқонаш ба шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ҳолати вазнин оварда, бистарӣ карда мешавад. Дар беморхона аз тарафи табибон ташхиси “Хунравии бисёркаратаи сурхрӯда ва меъда, камхунии дараҷаи вазнини миёна” гузошта шуда, ба табобат гирифта мешавад.
 
Санаи 24 апрели соли 2026 зимни дар Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ қарор доштани Иброҳимов Ғолибҷон, ҳолаташ якбора вазнин гардида, соати 03:05-и санаи 25 апрели соли 2026 расман фавти номбурда бо ташхиси: “Аломатҳои Меллори Вейса бо оризаи хуншорӣ. хунравии бисёркарата. Камхунии дараҷаи вазнини миёна. Норасогии шадиди кори дилу рагҳо ва нафас”, ба қайд гирифта мешавад.
 
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумита бори дигар аз волидайн, наздикон ва хешу пайвандони марҳум вобаста ба рух додани фоҷеаи мазкур изҳори таассуф намуда, бори дигар дар ин лаҳзаҳои вазнин бо Шумо ғамшарик будани худро изҳор менамоянд.
 
Кумита дар ин лаҳзаҳои барои наздикону пайвандони марҳум пурғаму андӯҳ аз масъулин ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват ба амал меорад, ки то ба анҷом расидани санҷишҳои қазияи мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳаму гуна шарҳу иловаҳо худдорӣ намоянд.