КҲФ: Дар ВМКБ заминларза ба қайд гирифта шуд

КҲФ: Дар ВМКБ заминларза ба қайд гирифта шуд

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, санаи 28 апрели соли 2026, соати 09:00 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 283 км ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ва 24 км ҷанубу ғарбии шаҳри Хоруғ ҷойгир буда, қувваи он дар марказ 4–5 балл ва дар шаҳри Хоруғ 3–4 баллро ташкил дод.

Ба ҳолати ҳозира, талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ ба қайд гирифта нашудааст.

КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки оромиро нигоҳ дошта, танҳо ба маълумоти расмӣ такя намоянд.