
27 апрели соли 2026, соати 11:46 ба вақти маҳаллӣ, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тавре ки Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, маркази заминларза 253 километр ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ва 36 километр ҷанубу ғарбии шаҳри Хоруғ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Афғонистон ҷойгир буд. Қувваи он дар марказ 4–5 баллро ташкил дод.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шиддати заминларза 3–4 балл, дар шаҳри Душанбе 2 балл ва дар шаҳри Роғун 2–3 баллро ташкил дод.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дар натиҷаи ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ ба қайд гирифта нашудааст.