
03 апрели соли 2026 соати 15:26 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза 186 километр шимолу шарқии шаҳри Душанбе, 49 километр шарқии ноҳияи Рашт ва 15 километр ҷанубии ноҳияи Тоҷикобод, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ҷойгир буда, қувваи он дар марказ 5–6 баллро ташкил додааст.
Қувваи заминларза дар минтақаҳо:
Тибқи маълумоти пешакӣ:
Айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар мавзеъ кору фаъолият намуда, ҳаҷми пурраи зарар муайян карда мешавад.
Дар натиҷаи заминларза талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.