
03 апрели соли 2026 соати 21:12 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза 290 километр ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир буда, қувваи он дар марказ 5,8 баллро ташкил дод.
Қувваи заминларза дар минтақаҳо чунин ба қайд гирифта шуд:
Тибқи маълумоти пешакӣ, талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъиятро таҳти назорати доимӣ қарор дорад.